Телефони боварӣ
[ +992 ] 907-07-07-50, 918-66-04-80
Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дорои 54 кат ва 8 шуъба мебошад:
1. Шуъбаи пайвандсозии гурда ва ғадуди зери меъда (20 кат)
2. Шуъбаи пайвандсози ҷигар ва гипертензияи порталӣ (10 кат)
3. Шуъбаи пайванди мағзи устухон (4кат)
4. Шуъбаи мадҳушкунӣ (10кат)
5. Шуъбаи ташхис
6. Шуъбаи қабул
7. Маҷмўи ҷарроҳӣ:
8. Шуъбаи гемодиализ (10 кат)
Дар марказ 186 нафар кормандон фаъолият доранд, табибон - 47 нафар, кормандони илм – 6 нафар. Кормандони миёнаи тиб – 56 нафар, кормандони хурди тиб – 52 нафар, маъмурият 14 – нафар ва коргарони хоҷагӣ 11 – нафар.
Дар қисми илмии Марказ 6 – нафар доктори илмҳои тиб, ки аз онҳо 3 –нафарашон ҳамкор, як нафар асосӣ мебошад, 9 – нафар номзади илмҳои тиб аз он 4 – нафар кормандони асосӣ, 5 – нафар ҳамкор, 2 – нафар беунвон ба корҳои илмӣ машғуланд.
Дар Марказ табибон бо ихтисосҳои зерин фаъолият мекунанд: трансплантолог, уролог, чарроҳ, нефролог, терапевт, трансфузиолог, морфолог, гематолог ва эҳёгар.
Шуъбаҳо ва ҳуҷраҳои кории Марказ бо телефонҳои дохилӣ пайваст карда шудааст.
Шуъбаи эҳё, диализ, пайванди ва шуъбаи пайванди мағзи устухон бо хатти оксигени доимӣ насб карда шудааст.
Дар Марказ бо истифода аз шароитҳои мавҷуда шуъбаи пайвандсозии мағзи устухон фаъолият мекунад.
Кормандони марказ пурра бо либосҳои ягона таъмин мебошанд.
Марказ дорои маҷлисгоҳ бо мизу ашёҳои лозимаи ҳозиразамон мебошад.
Дар Марказ дастгоҳи плазмафарез ва дастгоҳҳои нав Spectra optia (барои ҷудо намудани ҳуҷайраҳои бунёдӣ, плазмафарез, тромбоситофарез ва ғайра) ворид гардидааст, ки барои пешрафти ташхис ва табобати беморон кумак мерасонад.
Шуъбаи пайванди гурда ва ғадуди зери меъда қисман аз нав таъмир карда шудааст.
Дар давоми 9 моҳи соли 2020 дар марказ 809 бемор бистарӣ шуданд, ки аз онҳо 512 бемор ҷарроҳӣ шудаанд, аз ҷумла барои гузаронидани пайвандсозии хешовандии гурда 58–нафар донор ва 58–нафар беморони пайвандсозии гурда шуданд. Ба 9 бемор ҷарроҳии пайвандисозии ҷигар ва ба 2 бемор аутопайвандсозии мағзи устухон гузаронида шуд.
Натиҷаҳои ҷарроҳиҳо дар беморони пайвандсозии гурда ва пайванди чигар гузаронида ҳамаи донорон аз ҷониби мутахассисон қаноатбахш ва хуб арзёбӣ шуданд. Ба 378 беморони дигари бистаришуда ҷарроҳиҳои гуногун гузаронида шуданд. Дар қатори ин 297 нафар беморон, ки асосан бемориҳои талха, ғадуди зери меъда, норасогии музмини гурда ва ё бемориҳои диффузии ҷигардошта дар марказ табобат гирифтаанд. Мақсади асосии бистарӣ намудани бемориҳои гурда ва ҷигар барои муайянсозии нишондод ва гузаронидани пайвандсозии гурда ва ҷигар аст.