Телефони боварӣ
[ +992 ] 907-07-07-50, 918-66-04-80

Маркази миллии пайвандсозӣ аз пол. Мансуров ба Истиқлол гузаронида шуд.

Рушди соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатху сифати хизматрасониҳо ба шаҳрвандон ва ба ин васила нигоҳ доштани саломатии милат, ки бойигардии асосии давлат маҳсуб мешавад, дар маркази таваҷҷуи сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат қарор дорад.

Рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ, ки яке аз бахшҳои муҳим мебошад, минбаъд низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳукумати тоҷикистон боқӣ мемонад.

Бо бовари комил гуфтан мумкин аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи мазкур бо суръати баланд рушд намуд ва як қатор дигаргуниҳое, ки дар ин давра ба вуҷуд маданд, боиси арзёбианд. Ҳоло дар кишвар муассисаҳои зиёди тандурустӣ фаъолият мекунанд, ки бо навтарин таҷҳизоти техникӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Яке аз инҳо Муассисаи давлатии Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон мебошад.

 

Хурсандибахш аз аст, ки мутахассисон мо бо истифода аз ин имкониятҳои фароҳамовардаи давлату ҳукумат ба рушди илми тиб такони ҷиддӣ медиҳанд.

        Тавре ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бар меояд, дар зарфи 30 соли истиқлоли давлатӣ бо мақсади беҳтар намудани солимии сокинони кишвар ва ба роҳ мондани фаъолияти самарабахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ усулҳои муосири ташхису табобат роҳандозӣ гардида, неруи зеҳнӣ, ки маҳаки пешрафти соҳа ҳисобида мешавад, баланд бардошта шуда, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таҳким ва тавсеа пайдо кард.

Аз ҷумла, Дар давоми сӣ соли истиқлолият барои соҳаи тандурустӣ 187 000 нафар табиб ва корманди миёнаи тиббӣ тайёр карда шудааст.

Ворид шудани дастгоҳҳои наву замонавӣ ва такмили ихтисос намудани мутхассисони тоҷик дар кишварҳои пешрафтаҳои ҷаҳон бо дастгирии давлату ҳукумат имкон дод, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ сифатан беҳтар гарда два муроҷиати шаҳрвандон ба кишварҳои хориҷӣ коҳиш дода шавад.

 

Тавреки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, имрӯза шароит аз тамоми устодон, донишмандон, донишҷўёни риштаи илми тиб ва тандурўстӣ тақозо менамояд, ки барои омӯхтани бештари илм ва таҷрибаи соҳа ва тибби ҷаҳонӣ кушишу талош намуда, барои ободӣ ва тансиҳатии халқ ва мардуми Тоҷикистон содиқона хидмат намоянд. Зеро табибон бо сарнавишти инсонҳо ва тансиҳатии онҳо машғўл ҳастанд.

 

Ҳамаи ин дастовардҳо ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва амнияту субот, ки бунёдгузори он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ба даст омад. Вазифаи ҳар як шаҳрванд аст, ки ин арзишҳои қиматбаҳоро ҳифз намояд ва дар таҳкими сулҳу субот ва истиқлоли ватан саҳми муносиб гузорад.

Видео: https://youtu.be/KkgC5QKqjA0