Телефони боварӣ
[ +992 ] 907-07-07-50, 918-66-04-80

АВВАЛИН БОР ДАР ТОҶИКИСТОН ВА ИДМ ҶАРРОҲИИ ҒАДУДИ ЗЕРИ МЕЪДА ДАР БЕМОРОНИ ҚАНДИ НАВЪИ ЯКУМ

 

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ИЛМИИ ПАЙВАНДСОЗИИ УЗВ ВА БОФТАҲОИ ИНСОН

Тавре ки дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1–уми июли соли 2010 таҳти №344 дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии «Маркази милии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» омадааст, мақсади бунёдии марказро ба роҳ мондани пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад. Хушбахтона, то имрӯз марказ дар ин самт ба дастовардҳои зиёду бесобиқа ноил гардидааст. Натиҷаи чунин фаъолияти пурсамари мутахассисони марказ имрӯз аз тамоми гӯшаву канори дунё ба МД «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» муроҷиат мекунанд ва омада дар ин ҷо табобат мегиранд, ки ин рушди устувори илми тибби тоҷикро дар замони соҳибистиқлолии мамлакат нишон медиҳад.

Дастоварде, ки ин навбат мутахассисони марказ ба он ноил гардиданд, ин нахустин маротиба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИДМ гузаронидани ҷарроҳии ғадуди зери меъда дар беморони қанди навъи якум мебошад.

Ба натиҷаи арзишманд ноил гардидани олимони тоҷик дар ин самт як ҷаҳише ба ҳисоб меравад дар рушди илми тибби тоҷик.

Табибони ММИПУ ва БИ ба ин дастоварди худ қонеъ нестанд ва нақша доранд, ки дар оянда ба муваффақиятҳои аз ин ҳам беҳтар муяссар гарданд.  

Мутахассисони ин боргоҳи илму таҷриба ҳамаи ин пешравиҳоро ба таваҷҷуҳу дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Певшои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ва солимии аҳолӣ ҷиҳати тадбиқи амалии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истиқлоли давлативу оромии ҷомеаи Тоҷикистон вобаста медонад. Онҳо ба ин назаранд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо бояд мутахасисони мо бештар заҳмат кашанд, ба мардум хизмати софдилона намоянд ва дар самти интихобнамудаашон ба дастовардҳои илмиии баландарзиш ноил гарданд.