Телефони боварӣ
[ +992 ] 907-07-07-50, 918-66-04-80

ПОКӢ ВА ҶАСОРАТ БА ҲАМ ОМЕХТА

     Интихоби касб аз шахс шинохти амиқ ва нигоҳи фарох мехоҳад. Чунки ҳар касб ба худ нозукӣ ва мушкилиҳои хос дорад. Пешшаи табибӣ аз зумраи ихтисосҳоест, ки инсон ҳамеша ба ҳаёти одам-ба тақдири одам сарукор мегирад. Суҳроб Тағоев аз ҷумлаи он табибонест, ки ин нуктаро хуб дарк кардааст ва беш аз 17 сол мешавад, ки ба мардум хидмати софдилона мекунад.

3«Вақте ки интихоби касб мекунӣ, сараввал бояд аз ин интихоб жарф андешӣ. Касби худро интихоб кардӣ, тарсидан лозим нест, чунки дар ҳар вазъият метавон ба душвориҳое рӯ ба рӯ шуд, ки онҳо ба ҷони ту хтар доранд. Аммо ту дар ҳамон сурат барору баркат меёбӣ, ки худро дар пешаи интихобнамудаат бубахшӣ. Вақте ки омма ба кумаки мо ниёз дорад, мо бояд ҳатман хидмати худро софдилона расонем. Бемориҳо се сабаб доранд чунонеки Шайхураис Ҳаким Абӯалӣ ибни Сино гуфтааст: илтиҳобӣ, рӯҳӣ ва ҷароҳатӣ, пеш аз ҳама, муҳим аст, ки табиб бо суханҳои нарму рӯҳбахш беморро муолиҷа намояд. Ин табобатро осон мегардонад. Агар табиб чунин хислатро надошта бошад, пас наметавон ӯро табиби асил гуфт. Дасту дили табиб боят мисли халаташ сафед бошад».– мегӯяд Суҳроб Тағоев 

     Мавсуф дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» кор мекунад ва мегӯяд, - «ҳама мутахассисони ин муассиса, аз роҳбар то корманди қаторӣ, ба ҳам хайрхоҳу кумакрасонанд ва ин хислатҳои ҳамида аснои хизматрасонӣ ба шаҳрвандон дар фаъолияти онҳо таҷассум мешавад». 2Ҳамкоронаш иброз доштанд, дар шабу рӯзи гирифторшавии шумораи зиёди шаҳрвандон ба бемории сироятии коронавируси навъи ковид-19 Суҳроб Тағоев ҳамеша бо мардум буд ва наҳаросида беморонро муолиҷа ва нигоҳу бин менамуд. Яке аз ҳамкорони ӯ – Ҳикматулло Қаландаров  дар шахси Суҳроб Тағоев чунин ибрози назар намуд: – «Он шабу рӯз бениҳоят вазнин буд. Беморон ҳам аз ҷиҳати системаи асаб ва ҳам аз лиҳозӣ равонӣ азият мекашиданд. На фақат беморон, балки духтурон ҳам дар ҳарос буданд. Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ҳамкори мо – Суҳроб Тағоев дар муолиҷаи беморон ва коҳиш додани шиддати паҳншавии ин беомрии сироятӣ саҳми арзанда гузошт». Ҳамон шабу рӯз мо хуб эҳсос кардем, ки виҷдони пок ва ҷасорату ҷавонмардӣ дар ин шахс ба ҳам будаанд». 

     Суҳроб Тағоев дар хусуси канорагириҳои баъзе оилаҳо аз ҳам дар шароити шиддат гирифтани сироятёбии шаҳрвандон аз ин беморӣ сухан карда, аз ҷумла изҳор дошт, – «Ҳарчанд баъзан мешуд, ки наздикон ба таҳлука афтода, аз ҳам канорагирӣ менамуданд, вале мо кӯшиш менамудем, ки онҳо аз ҳам наранҷида, табобат гиранд ва ба хона бо рӯҳия иттифоқу ҳамошноӣ баргарданд».

     Ин табиби мардумдӯст аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат, махсусан, бо таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳаи ҳаётан муҳими ҷамъиятӣ мутахассисон мо рӯз то рӯз ба пешравиҳои назаррас ноил мегарданд ва сифати хизматрасониҳо низ беҳтар мешавад. Воқеан, дар ҳама касбу кор дасту дили пок доштан шахсро ба зинаҳои баланди муваффақият мерасонад ва дар байни мардум соҳибэҳтиром мекунад. Мақсад аз таҳия ин гузориш дар хусуси фаъолияти як табиби тоҷик Суҳроб Тағоев, ки тавонист аз ин бемории сироятӣ натарсида дар миёни беморон ба мардум аҳлона хидмат расонад, он аст, ки ҳамаи мо беҳтар мебуд дар касби интихобнамудаамон содиқ бошему ба мардум аҳлова ва бо даст удили пок химат намоем. 

 Таъкиди ниёгонамонро дар ин росто метавон корбаст кард. 

Ҳар касе баҳри коре сохтанд,

Меҳри онро дар дилаш андохтанд.

Видево (навор):  https://youtu.be/jl71oiWbUjE

                          очерк. https://youtu.be/-v_Zil6P3pU