Телефони боварӣ
[ +992 ] 907-07-07-50, 918-66-04-80

Дастовард 2020 Мутахассисони Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар иваз кардани донорҳои ҷигар муваффақ шуданд.

  Дастовард 2020 

Мутахассисони Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон

Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон

       Истиқлолият барои мардуми тоҷик калиди саодат ва дастёбӣ ба зиндагии арзанда маҳсуб мешавад. Бешубҳа, мо танњо баъди ба даст овардани истиќлолият тавонистем дар соҳаҳои гуногун ба рушду комёбиҳо ноил гардем. Аз ҷумла, дар соҳаи тандурустӣ.

 Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад.  Бо бовари комил гуфтан мумкин аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи мазкур бо суръати баланд рушд намуд ва як қатор дигаргуниҳое, ки дар ин давра ба вуҷуд маданд, боиси арзёбианд. Ҳоло дар кишвар муассисаҳои зиёди тандурустӣ фаъолият мекунанд, ки бо навтарин таҷҳизоти техникӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Яке аз инҳо Муассисаи давлатии Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон мебошад.

Хурсандибахш аз аст, ки мутахассисон мо бо истифода аз ин имкониятҳои фароҳамовардаи давлату ҳукумат ба рушди илми тиб такони ҷиддӣ медиҳанд.

Дастоварди нодире, ки дар соли 2020 мутахассисони ин даргоҳ ба он комёб шуданд, иваз намудани донорҳо ё кумаккунандагони пайванди ҷигар мебошад.

Падару модари Нозияи Дилшод бо иллати бемории ҷигари ӯ ба Муассисаи давлатии Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтањои инсон муроҷиат карданд. Духтурон пас аз таҳлилҳо ба хулосае омаданд, ки ҷарроҳӣ гузаронида, ҷигари ӯро иваз намоянд. Аммо натиҷаи таҳлилҳо нишон дод, ки хуни ягон нафар аз пайвандони ӯ барои донор шудан мувофиқ намеояд. 

   Ба бахти Нозияи Дилшод Ирамбонуи Беҳрӯз ҳамроҳи модараш омаданд. Ҷигари Ирамбонуро низ бояд иваз мекардем, мегӯянд мутахассион, аммо аз наздиконашон кумакунанда ёфт нашуд. Хунҳо мувофиқ намеомаданд. Аҷоибаш ин буд, ки гурӯҳи хуни модари Нозияи Дилшод ба Ирамбонуи Беҳрӯз рост меомад ва аз модари Ирамбонуи Беҳрӯз ба Нозияи Дилшод.

 Оё ҷарроҳиро духтурон чи гуна гузарониданд? Ҳолати корро мутахассисон чунин шарҳ медиҳанд.  

Дар ҳамин асно мутахассисон иброз доштанд, ки хубтар аст, узвро аз донори мағзи мурда гирем, яъне аз он нафароне, ки ҳангоми садамаҳо ба марг мубтало мешаванд. 

Ҳоло Нозияи Дилшод ва Ирамбонуи Беҳрӯз – ин кӯдакони ба ҳам хешу таборгашта ва модарони ҳамро модар гирифта, аз саломатиашон шикоят надоранд. 

Хостем дар ин хусус бо онҳо бештар суҳбат намоем, аммо онҳо бо гуфтани чанд ҷумлае, ба маънои «мо модарони ҳамдигарро дӯст медорем, акнун мо хушҳолем, ки саломат шудем, аз духтурон миннатдорем, иктифо карданд.  

         Дастгоҳҳои муосир аз дигар кишварҳо барои пайванди гурдаву ҷигар ва дигар ҷарроҳиҳо ворид гардидааанд, ки аз ҷумлаи онҳо дастгоҳ барои беҳискунӣ ва нафасдиҳии сунъӣ мебошад. 

         Паҳлуи дигаре, ки диққати ҳар бинандаро дар нигоҳи аавал ҷалб мекунад, ин аст, ки табибони марказ аксаран ҷавононанд ва тибқи иттилои раҳбарият аллакай қобилият ва маҳорат доранд, ки ҳар амалиёти ҷарроҳиро мустақилона гузаронанд. Ин гуфтаҳоро мо аз рафти ҷарроҳӣ бараъло мушоҳида намудем.  

         Хабари дигари бисёр нобу хурсандибахш, ки аз олимони Муассисаи давлатии Маркази миллии илмии пайвандслзии узв ва бофтаҳои инсон шунидем, ин аст, ки онҳо нақша доранд дар кўтоҳтарин фурсат бо истифода аз имкноиятҳои мавҷуда пайванди дилро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд. Ин қадами устувор хоҳад буд,-мегӯянд мутахассисон.  

Директории марказ Саидмаҳмуд Исмоилзода зимни суҳбат дар ин хусус чунин гуфт: "Ин як ҷаҳише дар рушди илми пайвандсозӣ дар Тоҷикистон мебошад".

Ҳамаи ин дастовардҳо ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва амнияту субот, ки бунёдгузори он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ба даст омад. Вазифаи ҳар як шаҳрванд аст, ки ин арзишҳои қиматбаҳоро ҳифз намояд ва дар таҳкими сулҳу субот ва истиқлоли ватан саҳми муносиб гузорад. Барҳақ, сиёсати ҳадафманду сулҳпарвари мо - тоҷикон ба масире майл дорад, ки рў ба рўямон ҳамеша шукуфоиву сарсабзӣ ва созандагиву бунёдкорӣ аст. Мо миллате ҳастем, ки ҳар лаҳзаву ҳар соат ба сўи фатҳи қуллаҳо дилпурона қадам мегузорем. Дирўзамонро ба хотир оварда, имрўзамонро боз ҳам зеботару ободтар мекунем ва ба фардоямон бо ниятҳову умедҳои тоза менигарем. 

Имрўза шароит аз тамоми устодон, донишмандон, донишҷўёни риштаи илми тиб ва тандурўстӣ тақозо менамояд, ки барои омӯхтани бештари илм ва таҷрибаи соҳа ва тибби ҷаҳонӣ кушишу талош намуда, барои ободӣ ва тансиҳатии халқ ва мардуми Тоҷикистон содиқона хидмат намоянд. Зеро табибон бо сарнавишти инсонҳо ва тансиҳатии онҳо машғўл ҳастанд.

Сюжет: https://youtu.be/Z_3-YkM0qzw